Ибҳом дар сарнавишти беш аз 300 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия
Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз номушаххас будани сарнавишти 345 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия хабар дод.
Ба гузориши “ТОП Тҷ”, Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар нишасти намояндагони Маҷлиси Миллии Тоҷикистон гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия тайи панҷ соли ахир пинҳонӣ ба сар бурда ё тобеияти ин кишварро пазируфтаанд.
Вай таъкид кардааст, ки далели номушаххас будани сарнавишти ин афрод ин аст, ки онон на аз Русия ихроҷ шудаанд ва на мавриди афв қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ шояд теъдоди зиёде аз онон муваффақ ба дарёфти тобеияти Русия шудаанд.
Ба гуфтаи раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 226 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба далели нақзи қонунҳои кор ва иқомати Русия аз ин кишвар ихроҷ шудаанд ва талошҳо дар маҷлиси Думаи Русия барои афви ин афрод идома дорад. Бидуни мавриди афв қарор гирифтани онон, ин теъдод аз коргарони муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷикистонӣ дигар наметавонанд вориди қаламрави Русия шаванд.
Аммо Раҳмон Ӯлмасов, устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе ва коршиноси умури муҳоҷират муътақид аст, аксари ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки сарнавишти онон мушаххас нест, ба сафи муҳоҷирони ғайриқонунӣ пайвастаанд. Зеро бо гарон шудани ҳазинаи иҷозатномаи кор дар Русия, онон тавони молии пардохти ин маблағро надоранд ва ба ҳузури ғайриқонуниашон дар қаламрави ин кишвар идома медиҳанд.
Ба гуфтаи вай, агар ин афрод ба идороти полис ё хадамоти муҳоҷирати Русия муроҷиа кунанд, ба таври қатъӣ аз ин кишвар ихроҷ мешаванд. Аз ин рӯ, тарҷеҳ медиҳанд, ки бидуни дарёфти муҷаввизи расмии кор дар Русия ба фаъолият машғул шаванд ва манобеи молии мавриди ниёзи хонаводаҳои худ дар Тоҷикстонро фароҳам ва ирсол кунанд.
Аммо дар 4 соли ахир ва дар пайи эъмоли таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон дар маҷмуъ 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар соли 2014 коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба ватанашон 4 миллиарду 200 миллион доллар ирсол карда буданд, ки ин рақам дар 4 соли ахир ба 2 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.