Тағйири иттиҳоми бародарзодаи муфтии Тоҷикистон
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон бо тағйири иттиҳоми эъломшуда алайҳи бародарзодаи раиси Шӯрои уламои исломӣ, парвандаи ӯро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол кардаанд.
Ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи Марказӣ, иттиҳоми Муҳтадӣ Абдулқодиров, бародарзодаи Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки қаблан ба далели гумонбар ба узвият дар гурӯҳи Салафия, мушорикат дар таъсиси гурӯҳи ифротӣ эълом шуда буд, акнун ба барангехтани низои мазҳабӣ, миллӣ ва нажодӣ тағйир кардааст.
Бар асоси ин банд аз қонуни ҷиноии Тоҷикистон, додгоҳ метавонад муттаҳамонро ба панҷ сол зиндон маҳкум кунад.
Вай пас аз 4 сол ҳузур дар Арабистон бо мусоидати кормандони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва ваъдаи мавриди афв қароргирифтан ба Душанбе баргашт.
Вале аз сӯи кормандони КДАМ Тоҷикистон боздошт шуд.
Гуфта мешавад, вай, ки бо дарёфти тазмини кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бино бар мавриди афв қарор гирифтан бо парвоз Дубай – Душанбе ба кишвараш омада буд, дар бозҷӯиҳо ба пурсишҳои ин афрод посух гуфта ва мураххас шудааст, аммо баъд аз сӯи кормандони КДАМ боздошт шуд.
Муҳтадӣ Абдулқодиров бо навиштани номае қабл аз бозгашти довталабона ба кишвараш аз генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон афви худро хостор шуда буд.
Ба гуфтаи мақомот, солҳои ахир беш аз 700 нафар аз аъзои Салафия дар ин кишвар боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.
Ҳамчунин парвандаи 160 нафар ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ дар дасти баррасӣ мебошад.