Ҷобаҷоии шуморе аз мақомоти аршади давлат дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 17 Jan 2019 08:02:37 GMT )
Январ 17, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Ҷобаҷоии шуморе аз мақомоти аршади давлат дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури аҳкоме ба ҷобаҷоии чанд масъулият дар давлати Душанбе иқдом кард.

Эмомалӣ Раҳмон тайи аҳкоме сафирони Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Покистон ва раиси вилояти Хатлон дар ҷануби ғарби Тоҷикистон ва бузургтарин вилояти ин кишварро барканор ва афроди ҷадидеро дар ин симатҳо мансуб кардааст. Муҳимтарин тағйири анҷомшуда дар давлати Тоҷикистон - барканории Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, раиси вилояти Хатлон ва мансуб кардани вай ба раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ин кишвар аст. Бар асоси ҳукми раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода, раиси идораи замин ва заминшиносии ин кишвар аз ин пас раёсати вилояти Хатлонро ба ӯҳда хоҳад дошт.

Эмомалӣ Раҳмон дар аҳкоми ҷадиди худ сирфан ба ҷобаҷоии афрод дар симатҳои мухталиф дар давлати Душанбе иқдом кардааст. Бархе аз коршиносон ин шеваи ҷобаҷоии афрод дар симатҳои мухталиф дар Тоҷикистонро аз ҷумлаи сиёсати давлатҳое медонанд, ки ба нерӯҳои ҷавон ва мутахассис дар дохил имкони рушд ва шукуфоӣ намедиҳанд.

Дар айни ҳол, бояд гуфт, бо вуҷуди бархе иддаоҳои давлати Душанбе дар хусуси навгароӣ ва таҷаддуд, Тоҷикистон ҳамчунон ба шеваҳои суннатӣ идора мешавад.

Дар шеваи суннатии идораи умури кишвар муҳраҳое, ки аз сӯйи шахси раисҷумҳурӣ мансуб мешаванд, асосан ҳеҷгоҳ ҳазф намешванд, аммо имкони ҷобаҷоии ин даста аз мақомҳои давлатӣ вуҷуд дорад. Ба унвони мисол, бар асоси ҳукми ҷадиди раисҷумҳури Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, ки аз соли 2013 то соли 2018 –и мелодӣ, беш аз 5 сол раёсати бузургтарин вилояти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, аз ин пас дар симати раёсати Кумитаи муҳити зист машғул ба кор хоҳад шуд. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон ба сурати шахсмеҳвар идора мешавад ва шахси раисҷумҳурӣ зимоми умури масъулиятҳои мухталифро ба ӯҳда дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишваре назири Қирғизистон дар ҳоли таҷрибаи демократия дар бахшҳои мухталифи сохтори давлат аст. Дар ҳақиқат давлати Душанбе низ метавонад бо истифода аз таҷрибиёти давлати Бишкек идораи умури Тоҷикистонро ба ҷавонони тоҷик вогузор кунад.

Ногуфта намонад, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои Тоҷикистон бо марказияти шаҳри Қурғонтеппа аст. Дар замони Шӯравӣ ва пас аз солҳои истиқлол, вилояти Хатлон аз ҷумлаи маҳрумтарин манотиқи Тоҷикистон маҳсуб мешудааст. Маҳрумияти ин минтақа аз ҷумлаи далоили бурузи хушунати зиёд дар ин вилоят аст. Вазъияти ҷорӣ муҷиб шудааст, ки бахше аз сохторҳои қудрат дар Тоҷикистон дар ин вилоят мутамаркиз шаванд. Ба унвони мисол, ҷиноҳҳои сиёсии ин минтақа, бавижа кӯлобиҳо дар ҷангҳои дохилии солҳои 1992-1993 –и мелодӣ тарафи пирӯз дар кашмакашҳо буданд ва пас аз он умури Тоҷикистон бештар дар дасти ин ҷиноҳ қарор доштааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ аз ҷумлаи сиёсатмадорони тоҷики аҳли Кӯлоб аст.

Дар маҷмуъ бояд гуфт, ҷобаҷоии муҳраҳо ва тағйири бархе масъулиятҳо дар Тоҷикистонро наметавон ба маънои тағйироти асосӣ дар сохтори қудрат дар ин кишвари Осиёи Марказӣ қаламдод кард.