Як шаҳрак дар шимоли Тоҷикистон дар остонаи нобудӣ
Шаҳраки Адрасмон дар шимоли Тоҷикистон ру ба нобудӣ аст.
Тулуъ Расулзода рӯзноманигори саршиноси тоҷик бо дарҷи матлаби муфассале дар сомонаи Фарғона аз нобудии тадриҷии шаҳраки Адрасмон дар вилояти Суғд хабар додааст.
Дар ин матлаб омадааст: шаҳраки Адрасмон дар замони иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ барои сукунати неруҳои шоғил дар маъданҳои уран, нуқра ва руй эҷод шуд, ки таъмини шароити зист дар он аз ҳар лиҳоз масалан иқтисодӣ, амниятӣ ва фаннӣ бар уҳдаи Маскав буд ва ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи дахолат дар умури ин шаҳракро надошт.
Расулзода дар идома меафзояд: бо фурупошии Шуравӣ ва нотавонии мақомоти Тоҷикистон дар идораи шаҳраки Адрасмон ин минтақа ба тадриҷ аз равнақ ва шукуфоӣ бозмонда ва дар ҳоли табдил шудан ба як хароба аст.
Ба навиштаи вай, корхонаи бузурги коркарди маъданҳои Адрасмон аз соли 2013 таътил шудааст ва бештари кормандони он ба рухсати иҷборӣ фиристода шудаанд ва шаҳрак тақрибан аз сокинон холӣ шудааст.