Тоҷикистон ҳузури ДИИШ дар марзи ин кишвар бо Афғонистонро рад кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41329-Тоҷикистон_ҳузури_ДИИШ_дар_марзи_ин_кишвар_бо_Афғонистонро_рад_кард
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон вуҷуди ДИИШ дар марзи ин кишвар бо Афғонистонро рад карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 30, 2019 10:59 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҳузури ДИИШ дар марзи ин кишвар бо Афғонистонро рад кард

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон вуҷуди ДИИШ дар марзи ин кишвар бо Афғонистонро рад карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ин матлабро Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар посух ба иддаои муовини вазири дохилии Русия баён дошта, ки гуфта буд, ДИИШ дар хати марзии Афғонистон бо Тоҷикистон мустақар шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як аз афроди ДИИШ дар хати марзии миёни Афғонистон ва Тоҷикистон мушоҳида нашудааст, ки агар чунин иттифоқе биафтад, ҳатман чораандешӣ хоҳад шуд.

Изҳороти ин мақоми марзбонии Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки маҳофили сиёсӣ ва хабарии Афғонистон мураттаб аз вуҷуди ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар наздикиҳои марзи миёни Афғонистон ва Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, Амрико созмондиҳандаи аслии интиқоли ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба хоки Афғонистон аст.