Сергей Лавров ба Душанбе омад
Вафо Ниятбеков, раҳбари бахши иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Лавров шаби гузашта, 4 феврал вориди Душанбе шуд.
Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия имрӯз дар Кохи Миллат баргузор мешавад. Пас аз анҷоми ин мулоқот қарор аст, Сергей Лавров бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошта бошад. Дар поёни ин мулоқот вазирони Тоҷикистону Русия ба саволҳои хабарнигорон посух хоҳанд дод.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода буд, ки дар мулоқоти Сергей Лавров бо мақомоти тоҷик масоили ҳамкориҳои ду кишвар, масоили бахши сиёсӣ ва амниятӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва масоили марбут ба дидорҳои сиёсии мақомоти баландпояи ду кишвар баррасӣ мешаванд.
Лавров баъд аз анҷоми сафар ба Қирғизистон шаби 4 феврал аз Бишкек вориди Душанбе шуд.
Хабаргузории “Спутник” аз қавли Сергей Лавров дар Бишкек навиштааст, Русия омодааст, бо лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ ҳамкорӣ кунад. Тарҳи КАСА-1000 қарор аст, барқи изофӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол диҳад. Пешбинӣ шудааст, ки 70 дарсади интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва 30 дарсад аз Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон сурат гирад. Дар маҷмӯъ, тавассути ин хати интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард киловатт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Тарҳи ТАПИ низ сохтмони хати лӯлаи гази табиӣ ба тӯли 1735 километр аз Туркманистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон бо зарфияти интиқоли то 33 миллиард метр мукааб гази табиӣ дар сол аст. Маблағи иҷрои ин тарҳ 8 то 10 миллиард доллар арзёбӣ шудааст.