22 соли зиндон барои қотили узбакистонии як хонуми бознишаста дар Тоҷикистон
Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон як шаҳрванди зани Узбакистонро ба иттиҳоми куштани як хонуми бознишаста дар Тоҷикистон ба 22 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Фарғона, Гулмира Аҳмадова, шаҳрванди Узбакистон, ки дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон иқомати муваққат дошт, дар таърихи 14 июли соли 2018 барои рабудани тило ва ҷавоҳироти ҳамсояи худ Эргашой Холбоева, вайро ба қатл расонида сипас бо кумаки фарзандаш ҷасади мақтулро пас аз сӯзондан, мадфун кардааст.
Саги хонаводаи Эргашой Холбоева рози ин ҷинояти ҳавлнокро ифшо кард. Ин саг пас аз 7 рӯз тикае аз устухони ӯро аз зери хок пайдо кард ва мақомоти тафтишотӣ низ бо истифода аз ин сарнах муваффақ ба шиносоии қотил шуданд.
Зимнан қотил тило ва ҷавоҳироти мақтулро ба маблағи 1850 сомонӣ, муодили 196 доллар фурӯхтааст.
Мақомоти додгоҳӣ гуфтаанд, иллати аслии иқдом ба ҷинояти шаҳрванди Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон қарздории ӯ ба бонк будааст.