Вазорати хориҷаи Амрико: Тоҷикистон сармоя мехоҳад, аммо ислоҳот анҷом намедиҳад
Вазорати умури хориҷаи Амрико таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон хостори ҷазби сармоягузории хориҷӣ барои иқтисоди ин кишвар аст, аммо ислоҳот анҷом намедиҳад.
Ба гузориши Топ Тҷ, ин вазорат бо интишори гузорше таҳти унвони "Фазои сармоягузорӣ дар соли 2018" ба баррасии авзои иқтисодии Тоҷикистон пардохтааст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо хатароти зиёде ҳамроҳ мебошад, иқтисоди ин кишвар дар баробари авомили хориҷӣ, аз ҷумла коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷир ба шиддат осебпазир аст, мубориза бо фасоди молӣ ва ришавахорӣ гузинишӣ мебошад, ки монеи ҷазби сармоягузории хориҷӣ мешавад. Аз дидгоҳи вазорати умури хориҷаи Амрико мубориза бо фасоди молӣ ва ришавахорӣ дар миёни кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон муассир набудааст ва бештар ангезаи сиёсӣ дорад. Ҳамчунин аз замони оғози буҳрони иқтисодӣ дар Русия дар соли 2014 ва коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон, ширкатҳои тоҷикистонӣ тайи солҳои 2015 ва 2016 беш аз 40 дарсад ва дар соли 2017 наздик ба 12 дарсад мутаҳаммили хисороти молӣ шудаанд.
Аз дидгоҳи вазорати умури хориҷаи Амрико, мушкили умдаи иқтисоди Тоҷикистон набуди ангеза барои анҷоми ислоҳоти ҷиддӣ мебошад, ки ниҳодҳои молии байналмилалӣ тавсия кардаанд, ки идомаи ин вазъ дар оянда мӯҷиби коҳиши шадиди кумакҳои хориҷӣ хоҳад шуд.