Эҳтимоли бознигарии Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нархи Интернет
(last modified Fri, 29 Mar 2019 15:32:00 GMT )
Март 29, 2019 20:32 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли бознигарии Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нархи Интернет

Мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон аз бознигарӣ дар тасмими ин ниҳод барои афзоиш нархи Интернет хабар додаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ин мақомот пас аз баррасии мавзӯ дар нишасти ахири Ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар нархҳои аз қабл эълом шудаи афзоиши хадамоти Интернет, таҷдиди назар хоҳад шуд.

Бар асоси дастури ин хадамот ба ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон, мебоист аз рӯзи 27 март нархи як гигабайт Интернет аз 30 сомонии феълӣ бо эҳтисоби молиёт бар арзиши афзуда ба 63 сомонӣ мерасид, ки ин тасмим бо интиқоди шадиди корбарон дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Аммо акнун Сайдалӣ Зарифзода, яке аз мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтааст, ширкатҳои фароҳамгари хадамоти Интернет дар ин маврид пешниҳодҳои худро ироа кардаанд, ки дар дасти баррасӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон дар посух ба ибрози назари Вазорати адлияи ин кишвар, ки дастури он ниҳодро дар бораи афзоиши нархи Интернет ғайриқонунӣ хонда буд, иддао карда буд, муваззаф нест дастури афзоиши нархи Интернетро дар Вазорати адлияи кишвар сабт кунад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 15 то 20 дарсад аз ҷамъияти 9 миллиону  200 ҳазорнафарии Тоҷикистон аз Интернет истифода мекунанд, аммо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон теъдоди корбарони Интернетро дар ин кишвар 3 миллион нафар эълом кардааст.