Як коршинос; бонкҳои Тоҷикистон бояд судҳоро коҳиш диҳанд
Коршиноси умури бонкии байналмиллалӣ ба бонкҳои Тоҷикистон тавсия кардааст,ҳангоми вогузории вомҳо бар асоси таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, суди бозпардохти ин маблағҳоро коҳиш диҳанд.
Ба нақл аз сойти Бонки миллии Тоҷикистон, Бртром Зунтог дар гузориши худ,ки ахиран дар бонки Миллии Тоҷикистон рунамоӣ шуд таъкид кардааст, намояндагони бахши хусусии ин кишвар аз боло будани суди вомҳои дарётӣ,ки монеи рушди тавлидоти санъатӣ мешаванд, шикоят доранд.
Вай мушкили дигари низоми бонкии Тоҷикистонро ихтисоси вомҳои кутоҳ мудат ва миён мудат ба мутақозиён унвон кардааст,ки бо суди болои бозпардохт ҳамроҳ аст ва ин, муҷиби варшикаста шудани фаъолони бахши хусусӣ мешавад.
Ин коршиноси умури бонки байналмиллалӣ таҷдиди назар дар мизони суди вомҳои бонкӣ ва афзоиши замони бозпардохти ин эътиборотро хостор шудааст.
Аз суи дигар Нур Раҷабов иқтисоддони тоҷик мегуяд, дар баробари боло будани мизони суди вомҳои бонкӣ ва кутоҳ будани замони бозпардохти ин эътиборот фазои касбу кор ва ба вижа тиҷорат низ дар ин кишвар матлуб нест,ки ин амр ба фаъолияти бахши хусусӣ таъсири баде мегузорад.
Аммо мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мудаъианд,ки ба дастури ҳукумати ин кишвар ду соли ахир кори гуруҳи вижае барои баррасии роҳҳои коҳиши суди вомҳои бонкӣ фаъолият мекунад. Аз ин ру дар соли 2018 мизони мутавассити суди бонкии вомҳо ва эътибороти вогузоршуда ба муштариён ба сомонӣ 26 дар сад ва ба арзҳои хориҷӣ 17 ва ду даҳуми дарсад будааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба таври расмӣ 17 бонк иҷозаи фаъолият доранд,ки амалан 15 бонк метавонанд ба муштариён хидматрасонӣ кунанд; чаро,ки ду Бонки бузурги содирот ва сармоягузории кишоварзӣ соли панҷум аст,ки наметавонанд бо муштариёни хеш тасвия ҳисоб кунанд.
Аз 62 муасисаи молӣ ва эътиборӣ низ дар Тоҷикистон 52 муасиса дар остонаи лағви иҷозаи фаъолият ва эъломи варшикастагӣ қарор доранд.