Маҳкумияти як масъул ба иттиҳоми фиреби тоҷикҳо барои эъзом ба хориҷ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раиси собиқи Иттиҳодияи ширкатҳои кишоварзӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва узви Ҳизби халқи демократи ин кишварро ба иттиҳоми фиреби шаҳрвандон ба баҳонаи эъзом барои кор ба Норвегия ба 6 сол зиндон маҳкум кард.
Ба нақл аз сомонаи Топ-ТҶ, Нуралӣ Назариев 7 сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо ваъдаи дуруғи эъзом ба Норвегия бо ҳуқуқи моҳиёна 5 ҳазор Евра фиреб дода ва аз ин афрод маблағи 29 ҳазор сомонӣ дарёфт кардааст.
Вай бо нишон додани санадҳое дар бораи ҳамкории Иттиҳодияи ширкатҳои кишоварзӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон бо Норвегия ба сокинони ноҳияи Ёвон гуфтааст, ки метавонад дар ширкатҳои нафтии Норвегия барои онон ҷои кор пайдо кунад, аммо ба ваъдааш амал накардааст.
Назариев маблағҳоеро, ки аз ин ашхос гирифта барои махориҷи зиндагии худ сарф карда, ки акнун бо шикояти ашхоси фиребхурда боздошт шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо муттаҳам шинохтани Нуралӣ Назариев дар моҷарои эъзоми дуруғини сокинони ноҳияи Ёвон барои кор ба кишвари Норвегия вайро ба 6 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Ҳамчунин раиси собиқи Иттиҳодияи ширкатҳои кишоварзӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва узви Ҳизби ҳокими халқи демократи ин кишвар пас аз озодӣ аз зиндон ҳақ надорад ба муддати 3 сол дар корхона ва ширкатҳои давлатӣ фаолият кунад.