Зиёни Тоҷикистон аз муҳоҷирати кории тоҷикон
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки идомаи раванди муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар барои кор ба хориҷ ва ба вижа Русия дар баландмуддат ба зиёни Тоҷикистон тамом мешавад.
Ба нақл аз сомонаи CABAR.asia, Парвиз Муллоҷонов гуфтааст, ки доимӣ шудани ин раванд суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии Тоҷикистонро таҳдид хоҳад кард.
Коршиноси сиёсии тоҷик афзуд Русия дар мавоқеъе аз вуҷуди миллионҳо коргари муҳоҷири тоҷик ба унвони абзори фишор бар давлати Тоҷикистон баҳра мегирад ва дар маҳфилҳои коршиносӣ низ иқтисоди ин кишварро иқтисоди мубтанӣ бар даромади коргарони муҳоҷир муъаррифӣ мекунад ва ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳатто аз даромади беш аз 2 ва ним миллиард долларии корагрони муҳоҷири ин кишвар дуруст истифода намешавад.
Парвиз Муллоҷонов гуфт, Тоҷикистон барои баҳрабардорӣ аз ин даромад, ки баробар бо будҷети солонаи ҳукумат аст ба анҷоми ислоҳоти бунёдин дар низоми бонкӣ, беҳбуди шароити фаолияти бахши хусусӣ, тазмини бозгашти сармояи хориҷӣ ва коҳиши қобили мулоҳизаи молиёти дарёфтӣ ниёз дорад ва бидуни ин иқдомоти рушди иқтисодии Тоҷикистон дар оянда ғайри мумкин аст.
Вай ҳамчунин бар зарурати муқобилаи ҷиддӣ бо фасод ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон таъкид кард.
Муллоҷонов бо ишора ба бетаваҷҷуҳии ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳи вазъияти номусоиди фазои касбу кор афзуд, афзоиши шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин кишвар ба маънии зиёд шудани теъдоди ашхоси молиётдиҳанда ва афзоиши даромади ҳукумат хоҳад буд ва ин мавзӯъ бар иштиғолзоӣ дар дохил ва коҳиши муҳоҷират ба хориҷ низ асарбахш аст.
Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст Тоҷикистон аз манзари тавозуни болои даромади ирсолии коргарони муҳоҷираш дар баробари тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар ҷойгоҳи севвуми ҷаҳон қарор гирифтааст.
Ба гузориши ин ниҳоди байналмиллалӣ даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба Тоҷикистон дар соли 2018 ду миллиарду 553 миллион доллар буда, ки баробар бо 31 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст.