Июн 12, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз китоби раисҷумҳури Чин дар остонаи сафар ба Тоҷикистон

Дар остонаи сафари раисҷумҳури Чин ба Душанбеи Тоҷикистон, ҷилди аввали китоби раисҷумҳури Чин бо номи “Мудирияти давлатӣ” ба форсии тоҷикӣ рӯнамоӣ шуд.

Дар маҳалли Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маросиме ба ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Сафорати Чин дар Душанбе аз ҷилди аввали китоби Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин рӯнамоӣ шуд.

Дар ин маросим ҳамчунин конфронси илмӣ ва амалӣ дар заминаи мудирияти давлатӣ дар Чин ва Тоҷикистон, бо ширкати намояндагони давлат, дипломатҳои муқим, донишмандон, равшанфикрон ва расонаҳо баргузор шуд.

Дар ибтидои ин барнома Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазир паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкаткунандагони ин маросимро қироат кард.

Лю Бин, сафири Чин дар Душанбе низ зимни суханонронӣ дар ин маросим гуфт, солҳои 2014 ва 2017 мелодӣ ҷилди аввал ва дувуми китоби “Мудирияти давлатӣ” –и Си Ҷинпинг мунташир шуданд ва дар ҳоли ҳозир ҷилди аввал ба 26 забон ва дувумӣ ба 9 забони мухталиф тарҷума шудааст.

Вай афзуд, дар соли 2016 –и мелодӣ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳоди тарҷумаи ҷилди аввали ин китобро ба тоҷикӣ дод, ки Абдулғаффор Абдуҷҷабборов, мутарҷими шинохташудаи тоҷик онро тарҷума кардааст ва имрӯз аз он рӯнамоӣ мешавад.