Ҳатмишудани ифтитоҳи сомонаҳои интернетӣ барои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон
(last modified Thu, 13 Jun 2019 05:47:34 GMT )
Июн 13, 2019 10:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳатмишудани ифтитоҳи сомонаҳои интернетӣ барои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни фаолияти идораҳои давлатӣ тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва навоҳии ин кишварро ба ифтитоҳи сомонаҳои интернетӣ вазифадор кард.

Ба нақл аз Спутник, дар ҳоли ҳозир аксари ниҳодҳои ҳукуматӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон сомонаҳои иттилоърасонӣ надоранд. Ҳатто дар теъдоде аз созмонҳо ва идораҳои давлатӣ, ки дорои сомонаҳои интернетӣ ҳастанд ахбор ва матолиби мавҷуд ба рӯз нестанд ва муддатҳо таҷдид намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ҳкуматӣ дар Тоҷикистон тамоми созмонҳои ғайридавлатӣ ва иҷтимоиро вазифадор карда буданд бо ифтитоҳи сомонаҳои интернетӣ аз амалкарди молиашон гузориш диҳанд.

Ҳадаф аз ин иқдом шаффофсозии амалкарди молии ин созмонҳо, манбаъҳои дарёфти кумакҳои молӣ ва наҳваи ҳазина кардани ин пулҳо унвон шудааст.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки созмонҳои ёдшуда ба муддати панҷ рӯз аз замони интишори гузориши амалкарди молии хеш ҳаққи ҳазфи ин матолибро аз сомонаҳояшон надоранд.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегуянд ин барнома дар чорчуби тарҳи мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз кумаки молӣ ба террористҳо ва пулшуӣ амалӣ мешавад.