Июн 16, 2019 16:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин ва Тоҷикистон бар тақвияти равобити дуҷониба

Раисони ҷумҳурии Чин ва Тоҷикистон тавофуқ карданд, иқдомоти бештаре барои тақвияти равобити худ анҷом диҳанд.

Дар ҷараёни дидори рӯзи гузаштаи Си Ҷинпинг бо Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон, тарафайн зимни тавофуқ бар тақвияти равобити дуҷониба, бар талоши бештар дар ростои дӯстии бештари ду миллат таъкид карданд.

Бар асоси ин гузориш, раисҷумҳури Чин аз Тоҷикистон барои баргузории муваффақи панҷумин нишасти сарони конфронси Таомул ва иқдомоти эътимодсози Осиё қадрдонӣ кард.

Тоҷикистон дувумин мақсади сафари давраии Си Ҷинпинг ба Осиёи Марказӣ буд. Раисҷумҳури Чин пеш аз Тоҷикистон аз Қирғизистон дидор ва дар нуздаҳумин нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат кард.