Июн 17, 2019 08:41 Asia/Dushanbe
  • Имзои 18 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Дар паи музокироти ахири раисони ҷумҳурии Чин ва Тоҷикистон 18 созишномаи ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар дар Душанбе ба имзо расид.

Ба нақл аз дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайатҳои ду кишвар дар поёни дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ  ва  тиҷорӣ,муборизаи муштарак бо терроризм,ифротгарӣ,таҷзияталабӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта,ҳифзи муҳити зист, сармоягузории муштарак, кишоварзӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ва гардишгарӣ имзо карданд.

Бар асоси яке аз ин тавофуқот содироти лимони Тоҷикистон ба Чин оғоз хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин аз сохти биноҳои нави Ҳукумати  Тоҷикистон ва парлумони ин кишвар,ки бо кумаки 1 миллиард ва 500 миллион юани Чин дар дасти сохт аст,ба унвони рамзи дӯстии ду кишвар ёд кардаанд.

Гуфта мешавад,ки сохтмонҳои прлумони нави Тоҷикистон дар масоҳати 42 ҳазор ва 874 метри мурабаъ ва Ҳукумати ин кишвар дар масоҳати 11 гектар сохта хоҳад шуд,ки дар маркази шаҳри Душанбе ва дар байни хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ воқеъ шудааст.Раиси ҷумуҳурии Чин барои ширкат ва суханронӣ дар панҷумин нишасти сарони  Канфронси таъомул ва иқдомоти эътимодсозии Осиё ба Душанбе омада буд рӯзи 16 июн Тоҷикистон ро ба мақсади Пекин тарк кард.