Июл 24, 2019 09:24 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 97 узви гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон

Вазири корхои хориҷии Тоҷикиистон аз боздошти 97 узви гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба нақл аз расонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии масъулони ин вазоратхона дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ин муддат танҳо як мавриди амалиёти террористӣ таҳаққуқ ёфта ва аз вуқӯи ду мавриди дигар ҷилавгирӣ шудааст.

Ба гуфтаи вай дар ин муддат ҳамчунин 378 мавриди ҷиноёти марбут ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ба сабт расидааст.

Раҳимзода афзуд: Бо талоши кормандони идороти амниятӣ ва интизомӣ дар нимаи нахусти имсол 169 табааи Тоҷикистон, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат кардаанд, довталабона ба ватан бозгаштаанд.

Вазири корҳои дохилаи  Тоҷикистон бо ишора ба сабти 12 ҳазору 549 мавриди ҷурму ҷиноят дар шаш моҳи гузашта гуфт: 48 маврид аз ин ҷурмҳо қатл будааст.

Раҳимзода ҳамчунин аз кашфи ҳазору 311 килограмм анвои маводи мухаддир хабар дод.

 

Барчасп