Ҳадафи Трамп аз бозии оморӣ дар бораи кушташудагони иғтишошоти Эрон чист?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123838-Ҳадафи_Трамп_аз_бозии_оморӣ_дар_бораи_кушташудагони_иғтишошоти_Эрон_чист
Порс Тудей – Доналд Трамп дар чорчӯби рӯйкарди мудохилаҷӯёнаи худ, бозии оморӣ дар бораи Эрон ба роҳ андохтааст.
(last modified 2026-01-17T05:03:51+00:00 )
Январ 14, 2026 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафи Трамп аз бозии оморӣ дар бораи кушташудагони иғтишошоти Эрон чист?

Порс Тудей – Доналд Трамп дар чорчӯби рӯйкарди мудохилаҷӯёнаи худ, бозии оморӣ дар бораи Эрон ба роҳ андохтааст.

Ба гузориши Порс Тудей, раисиҷумҳури Амрико бори дигар бо мудохила дар умӯри дохилии Эрон ва бо изъон ба инки омори кушташудагони иғтишошот дар Эрон мушаххас нест, дар пайи оморе аст то ба воситаи он, иқдомоти худ, аз ҷумла иқдоми эҳтимолии низомиро тавҷеҳ кунад. Трамп рӯзи сешанбе гуфт: «Ҳеҷ кас натавониста адади дақиқе ба ман бидиҳад. Ман аъдоди мухталифе шунидаам; баъзе хеле зиёд, баъзе камтар, баъзе ҳам хеле зиёдтар; аммо дар 24 соати оянда эҳтимолан мутаваҷҷеҳ хоҳем шуд.»

Трамп ҳамчунин дар бораи тавсияи вазорати хориҷаи Амрико дар бораи хурӯҷи шаҳрвандони амрикоӣ, аз муттаҳидони худ низ хост Теҳронро тарк кунанд. Раисиҷумҳурии Амрико дар вокуниш ба ин савол, ки оё шаҳрвандони амрикоӣ ё атбоъи кишварҳои ҳампаймон бояд Эронро тарк кунанд, гуфт: «Ба назари ман хурӯҷ аз Эрон иддеаи баде нест.» Албатта қабл аз он Амрико аз шаҳрвандони худ хостааст фаврани хоки Эронро тарк кунанд. Трамп ҳамчунин аз ироаи тавзеҳоти бештар дар бораи паёми қаблии худ мабнӣ бар «кумак ба муътаризон» худдорӣ кард ва бо лаҳне мубҳам афзуд: «Шумо бояд худатон ин мавзӯро бифаҳмед.» Дар ҳамин росто сенатор Линдси Гроҳом, аз ҷумлаи сенаторҳои бонуфӯзи ҷумҳурихоҳон, дар паёме хитоб ба Трамп муддаӣ шуд, ки ҳукумати Эрон аз «хати қирмиз»-и Трамп убӯр кардааст.

Изҳороти мутаноқизу мубҳами Трамп дар бораи нооромиҳои Эрон беш аз онки ношӣ аз нигарониҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башарӣ бошад, нишондиҳандаи талоши давлати Амрико барои бузургнамоии омори талафоту заминасозӣ барои иқдомоти мудохилаҷӯёна ва ҳатто низомӣ алайҳи Эрон аст. Трамп дар ҳоле аз «номушаххас будани теъдоди куштаҳо» сухан мегуяд, ки ҳамзамон аз шунидани «аъдоди бисёр боло» хабар медиҳад; рӯйкарде, ки аз нигоҳи нозирон, бахше аз сенарияи фишори сиёсӣ ва расонаии Вашингтон барои машрӯъсозии иқдомоти баъдии худ талаққӣ мешавад. Таъкиди мукаррари ӯ бар оморҳои таъйид нашуда, дар канори тавсия ба хурӯҷи атбоъи амрикоӣ аз Эрон, нишон медиҳад, ки Кохи Сафед дар ҳоли сохтани фазои буҳронӣ ва амниятӣ алайҳи Эрон аст.

Трамп рӯзи сешанбе низ дар шабакаи иҷтимои труссушол, ошкоро аз тадовуми иғтишошоти ҳимояту мардуми Эронро ба тасарруфи ниҳодҳо ташвиқ карда буд, ки намунае сариҳ аз мудохилаи мустақим дар умӯри дохилии як кишвари мустақил аст. Вай дар ҳоле ин паёмҳоро мунташир мекунад, ки пештар гуфта буд, мумкин аст бо мақомоти Эрон мулоқот дошта бошад, аммо ҳамзамон таҳдид кардааст, ки «мумкин аст ба далели иттифоқоте, ки афтодааст, қабл аз дидор иқдом кунем.»

Рӯзномаи “The Wall Street Journal” дар ин замина ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ навишт, ки Трамп ҳануз тасмими ниҳоии худро нагирифтааст, аммо дар ҳоли ҳозир тамоюли Трамп бар ин аст, ки ба Эрон ҳамла кунад, бо ин ҳол мумкин аст, масири вокуниши худро тағйир диҳад. Бархе аз ин мақомҳои давлатӣ ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки Трамп мумкин аст, аввал ҳамла кунаду баъд дар пайи баргузории музокира бо Эрон бошад.

Раисиҷумҳури ҷанҷолии Амрико ҳамчунин дар ростои сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон, таҳдидҳои тозаеро алайҳи кишварҳое, ки бо Эрон мубодилоти иқтисодӣ, тиҷорӣ ва энержӣ доранд матраҳ кард. Трамп дар 13 январ бо интишори фармоне эълом кард: «Аз ҳамин лаҳза, ҳар кишваре, ки бо Эрон тиҷорат кунад, барои ҳар навъи тиҷорат бо Иёлоти муттаҳидаи Амрико, тарофаи 25 дарсадӣ пардохт хоҳад кард.»

Баназар мерасад, фазосозии раисиҷумҳури Амрико дар барҷастасозии теъдоди кушта шудагони иғтишошоти Эрон чанд ҳадафи мушаххасро дунбол мекунад. Яке аз коркардҳои ин рӯйкард, афзоиши фишори байналмилалӣ алайҳи Эрон аст. Замоне, ки Трамп дар паёмҳои умумии худ аз «эрониён мехоҳад, ки ба эътироз идома диҳанд» ва ҳушдор медиҳад, ки Теҳрон «баҳои сангине хоҳад пардохт», ин паёмҳо дар чорчӯби талош барои машрӯъиятзудоӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили таҳлил аст. Ҳамчунин бузургнамоии омори кушта шудагон метавонад афкори умумии ҷаҳониро нисбат ба вазъияти Эрон ҳассостар кунад ва заминаро барои иқдомоти сиёсӣ ё ҳатто таҳдидҳои низомӣ фароҳам созад; мавзӯе, ки расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла « ABC News» дар бораи баррасии гузинаҳои низомӣ тавассути давлати Амрико низ ба он ишора карданд.

Аз сӯи дигар, иддаои омори боло дар бораи кушта шудагони иғтишошоти Эрон метавонад дар сиёсати дохилии Амрико низ нақш дошта бошад. Дар фазое, ки сиёсати хориҷӣ яке аз меҳварҳои аслии рақобати сиёсӣ аст, нишон додани чеҳрае қотеъ дар баробари Эрон метавонад барои Трамп аҳаммияти интихоботӣ дошта бошад. Дар ин заминаи сайти «Politico» навишт, ки Трамп ҳамзамон бо таҳдидҳои худ, муддаӣ шуда, ки Эрон «дархости музокира» додааст; иддаое, ки метавонад дар дохили Амрико ба унвони нишонае аз муваффақияти фишорҳои ӯ талаққӣ шавад.

Ба таври куллӣ, рафторҳои ногаҳонӣ ва дамдамии раисиҷумҳури Амрико, нишондиҳандаи бесуботии сиёсати хориҷии давлати Трампу талош барои фишору таҳмили тасмимоти якҷониба бар Эрон пас аз ҷанги 12 рӯза аст. Таҳлилгарон мегӯянд, ин таноқуз, на танҳо ваҷҳаи Амрикоро дар арсаи байналмилалӣ тазъиф мекунад, балки нишон медиҳад, сиёсати хориҷии Вашингтон бар мабнои фазосозии расонаӣ ва фишори сиёсӣ, ба ҷои воқеиятҳои майдонӣ ва нигарониҳои инсонӣ, тарроҳӣ шудааст. Ин рӯйкард нишон медиҳад, ки ҳадафи аслии Амрико на ҳимоят аз мардуми Эрон дар ҷараёни иғтишошоти ахир, балки баҳрабардории сиёсӣ ва низомӣ аз ин вазъият барои фишору эъмоли сиёсатҳои якҷониба алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.