Тоҷикистон дар ҳоли баррасии узвият дар Иттиҳодияи АвруОсиё
(last modified Sat, 27 Jul 2019 04:52:15 GMT )
Июл 27, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар ҳоли баррасии узвият дар Иттиҳодияи АвруОсиё

Мудири маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегуяд ин кишвар дар ҳоли баррасии мавзуи узвиятдар иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёст.

Ба нақл аз хабаргузории русии ТААС,Диловар Қодирзода таи нишасти хабарии  масулони ин марказ дар шаҳри Душанбе гуфтааст узвият дар ин Иттиҳодия, барои Тоҷикистон ба манзури касби имтиёз дар баҳси ҳузури коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия аҳамият дорад. Аммо дар мавриди тавони рақобатии бахши санойеъи Тоҷикистон дар баробари тавлидоти кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тардидҳое вуҷуд дорад,ки бояд ин мавзу ба таври ҳамаҷониба баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи вай,барои ин манзур маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон як гузориши 70 саҳифаие омода кардааст,ки дар ин санад абъоди мусбат ва манфии узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи Қодирзода дар ҳоли ҳозир коргурӯҳи вижаи ҳукумати Тоҷикистон саргарми баррасии ин гузориш ҳастанд.

Тоҷикистон аз соли 2015 мавзуи узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ мекунад.

Русия, Беларусия, Қазоқистон, Арманистон, ва Қирғизистон узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва кишвари Малдавия ба унвони узви нозир дар фаъолияти ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ мушорикат мекунад.