Оғози баррасии парвандаи ҷиноии сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон
Ҳайате аз додгоҳи низомии Тоҷикистон пушти дарҳои баста баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи сарҳанги дуввум Муҳаммад Улуғхоҷаеви 36 сола сухангӯи пешини нерӯи марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан оғоз кард.
Ба нақл аз хабаргузории Фарғона, наздикони вай гуфтаанд ба далели маҳрамона будани парванда ҳатто вакили мудофеи Улуғхоҷаев ҳаққи ифшои ҷузъиёти ин парвандаро надорад ва онҳо умедворанд, ки додгоҳи низомии Тоҷикистон ба ин қазия мунсифона расидагӣ кунад.
Қаблан манобеи мустақили хабарӣ далели боздошти Хоҷаев дар рӯзи 10 апрели соли равонро интиқоли асрори маҳрамонаи давлатӣ ба тарафи хориҷӣ эълом карда буданд.
Ҳамчунин бархе манобеъ дар нерӯи марзбонии Тоҷикистон бидуни ифшои ном гуфта буданд ҷузъиёти иттиҳоми интиқоли асрори маҳраонаи давлатӣ ба тарафи хориҷӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ва инки ин иттилоот ба кадом кишвари хориҷӣ ё ниҳоди амниятӣ ирсол шуда мушаххас нест.
Сарҳанги дуввум Муҳаммад Улуғхоҷаев донишомӯхтаи риштаи физикаи донишгоҳи технологияи Тоҷикитсон аст, ки аз соли 2009 дар нерӯи марзбонии ин кишвар фаолият мекард.
Манобеи мустақили ҳуқуқӣ мегуянд дар сурати исботи ин иттиҳом додгоҳ метавонад сухангӯи пешини неруи марзбонӣ вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти милии ин кишварро ба муддати аз 12 то 20 сол зиндон маҳкум кунад.