Июл 30, 2019 17:09 Asia/Dushanbe
  • СММ: Ҳанӯз 30 ҳазор диишӣ зинда аст

Бароварди Созмони Милали Муттаҳид ҳокӣ аст, 30 ҳазор нафар аз нерӯҳои гурӯҳи террористии ДИИШ ҳанӯз зиндаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе дар гузорише аз Идлиби Сурия ба унвони яке аз бузургтарин пойгоҳҳои дар ихтиёри террористҳои хориҷӣ ном бурд ва тахмин зад, наздики 30 ҳазор нафар аз аъзои ДИИШ мумкин аст, ҳанӯз зинда бошанд. Созмони Милал дар ин гузориш ёдовар шуд, ДИИШ ва “Алқоида” дар рақобат барои ба даст гирифтани қудрат дар бисёре аз манотиқ ҳастанд. Созмони Милал дар бораи манобеи молии ДИИШ низ эҳтимол додааст, ки ин гурӯҳи террористӣ ҳанӯз 50 то 300 миллион доллар сарват дар ихтиёр дошта бошад, аммо барои иҷрои барномаҳои амалиётии худ пули нақди лозим надорад.

Ҷуллиан Кинг, комиссари амнияти Иттиҳоди Аврупо панҷшанбеи гузашта дар ҷаласаи парлумони Аврупо гуфта буд, тибқи баровардҳои амниятӣ, 5500 террористи диишӣ аз кишварҳои аврупоӣ барои ҷанг ба Ироқу Сурия рафтаанд.

 

Барчасп