Август 08, 2019 08:55 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия

Додгоҳи ҷумҳурии худмухтори Чувашия дар маркази Русия як ҷавони 18 солаи тоҷикро ба иттиҳоми поймолсозии қонуни иқомати ин кишвар ихроҷ кард.

Ба нақл аз сомонаи Ка-Ниюз, ин ҷавон дар додгоҳ гуфтааст, ки барои фирор аз хидмати низоми вазифа дар Тоҷикистон ба Русия омада ва қасд доштааст ба унвони коргари муҳоҷир фаолият кунад.

Вай ба ҳукми ихроҷаш аз Русия эътироз кардааст чаро, ки дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон ба   хидмати низоми вазифа   ҷазб хоҳад шуд.

Аммо додгоҳ ин ҷавони тоҷикро ба пардохти 2 ҳазор рубл ҷаримаи молӣ ба иттиҳоми нақзи қонуни иқомат дар Русия ва ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум кардааст.

Ҳамчунин ин шахс бар асоси ҳукми додгоҳи ҷумҳурии худмухтори Чувашия аз ҳаққи вуруди дубора ба қаламрави Русия ба муддати 5 сол маҳрум шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон ба далели набуди шароити матлуби маишатӣ ва ахлоқӣ, хушунат ва беназмӣ дар воҳидҳои низомӣ, ки муҷиби маълул ва кушта шудани сарбозони ҷавон мешавад теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик рафтан барои кор ба Русияро ба хидмати низоми вазифа афзалият медиҳанд.