Август 22, 2019 20:45 Asia/Dushanbe

Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кардааст, бояд бонкҳо ва марказҳои молии хориҷӣ, ба вижа Русия, ки даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷикро ба кишварашон мунтақил мекунанд, маблағи 100 миллион доллар ба унвони амонат дар Бонки миллии Тоҷикистон супурдагузорӣ кунанд ва пас аз дарёфти ин маблағ Душанбе ба онон муҷаввизи интиқоли пули коргарони муҳоҷирро хоҳад дод.

Коршиносон мегӯянд, ки ин иқдом ба зиёни Тоҷикистон тамом хоҳад шуд, ки муғойир бо қонунҳои бонкии Русия мебошад ва аз сӯи дигар иқтисоди Тоҷикистон вобастагии шадиде ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия дорад ва аз ин иқдом бештар тоҷикҳо мутаҳаммили хисорот хоҳанд шуд.

Идомаи ин мавзӯро дар гузориши вижаи ҳамкорамон Халилӣ бишнавед.

 

Барчасп