Тоҷикистон; болотарин шохиси рушди ҷамъият дар Осиёи Миёна
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46381-Тоҷикистон_болотарин_шохиси_рушди_ҷамъият_дар_Осиёи_Миёна
Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд, дар ин кишвар омори зоду валад бисёр болост.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 02, 2019 04:58 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон; болотарин шохиси рушди ҷамъият дар Осиёи Миёна

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд, дар ин кишвар омори зоду валад бисёр болост.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, дар ҷаласаи ҳайати мушовираи Вазорати тандурустии Тоҷикистон,ки ахиран дар маркази миллии мавсум ба ,Шифобахш дар шаҳри Душанбе баргузор шуд,бар ин нукта таъкид шудааст.

Аз дидгоҳи мутахасисони ин Вазоратхона,дар Тоҷикистон ҳама сола 200 ҳазор кудак мутавалид мешаваднд,ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷомиъаи Ҳамсуд болотарин шохисро дорад. Танҳо дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишвар 106 ҳазор ва 436 навзод ба дунё омадааст,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 976 нафар бештар будааст.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовираи Вазорати тандурустии Тоҷикстон, бар ин нукта ҳам таъкид шуд,ки таи ду соли ахир марги модарон ҳангоми тавалуди фарзанд дар Тоҷикистон сабт нашудааст. Ин дар ҳоле аст,ки чанде пеш Бонки ҷаҳонӣ  рушди сариъи ҷамъияти Тоҷикистонро,ки бо барномаи эҷоди иштиғол ва коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад,бомби соатӣ унвон кардааст.

Аз нигоҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоле,ки як севвум аз ҷамъияти беш аз 9 миллион нафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сол ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам мубҳам ва норавшан аст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд.

Аз сӯи дигар ахиран мақомоти кумитаи давлатии омори Тоҷикистон бо ду ва ду даҳуми дар сад эълом кардани мизони афзоиши солиёна ҷамъияти ин кишвар таи як соли ахир теъдоди ҷамъияти ин ҷумҳуриро 9 миллион ва 212 ҳазор нафар унвон карданд.

Ба гуфтаи коршиносони умури ҷамъият дар соли 2023 теъдоди ҷаамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.