Зиёновар будани бештари корхонаҳои Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46556-Зиёновар_будани_бештари_корхонаҳои_Тоҷикистон
Бештари корхонаҳои давлатии Тоҷикистон зиёновар аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 08, 2019 04:13 Asia/Dushanbe
  • Зиёновар будани бештари корхонаҳои Тоҷикистон

Бештари корхонаҳои давлатии Тоҷикистон зиёновар аст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ эълом карданд,ки фаъолияти аксари корхонаҳои давлатии Тоҷикистон зиёновар аст ва ё судоварии каме доранд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТопТҶ, Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ бо унвони " Мусоидат барои рушди Тоҷикистон " таъкид кардааст, ки аксари корхонаҳои давлатии ин кишвар фаъолияти шаффофи иқтисодӣ надоранд ва қарзи калони молӣ низ гиребонгири ин марказҳо аст.

 Аз ин рӯ авзоъи бахши асосии қарзҳои молии корхона ва ширкатҳои давлатӣ бо вуҷуди кумаки молии ҳукумат беҳбуд наёфта ва ҳамчунон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд.

 Дар ин миён ширкати давлатии Барқи тоҷик ва Идораи интиқоли гази Тоҷикистон аз қарздортарин корхонаҳои давлатӣ ҳастанд, ки бо вуҷуди дарёфти кумакҳои калони молӣ ҳанӯз ҳам натавонистаанд қарзҳои худро пардохт кунанд. Чунончи ширкати давлатии Барқи тоҷик 97 дарсад аз кулли маблағи қарзи корхонаҳои давлатиро ба худ ихтисос додааст ва дар вазъи ногуворе қарор дорад. Ба гуфтаи мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон қарзи молии ширкати давлатии Барқи тоҷик авалҳои имсол 22 миллиарду 900 миллион сомонӣ эълом шуда буд, ки қарздортарин ширкат дар ин кишвар аст.

 Аз суи дигар коршиносони Бонки ҷаҳонӣ эълом кардаанд, ки фаъолияти Идораи назорат ва барномарезии Вазорати молияи Тоҷикистон дар заминаи мизони қарзҳо, пардохти қарзҳо ва амалкарди молии марказҳо ва корхонаҳои давлатии ин кишвар шаффоф нест.