Сентябр 23, 2019 10:07 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳодисаи ҳамла ба ду низомии русро пайгирӣ мекунад

Мақомоти Сафорати Русия дар Душанбе эълом кардаанд, моҷарои захмӣ шудани ду низомии рус аз сӯи як шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад маризии рӯҳӣ - равонӣ доштааст, таҳти назар қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, марде дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ба ду низомии рус бо корд ҳамла ва ононро захмӣ кард, ки полиси маҳаллӣ аз боздошти ин фард хабар додааст.

Ин ду низомии захмии рус аз воҳиди низомии мустақар дар шаҳри Бохтари вилояти Ххатлон ба бемористони низомии пойгоҳи 201-и артиши Русия дар наздикии Душанбе барои мудово мунтақил шудаанд, ки гуфта мешавад ҳоли онон хуб аст.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон пас аз боздошти фарди муттаҳам ба ҳамла ба низомиёни рус эълом кардаанд, ки вай маризии рӯҳиву равонӣ доштаву дар тимористони маҳаллӣ низ сабти ном шудааст. Аз ин рӯ, барои таҳқиқи ин моҷаро Сафорати Русия дар Душанбе бо мақомоти қазоии Тоҷикистон дар иртибот аст то ангезаи ҳамлаи ин фард ба низомиёни Русия мушаххас шавад.

Пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бо 7 ҳазор низомӣ, бузургтарин маркази низомии нерӯи заминии ин кишвар дар хориҷ аст, ки созшномаи ҳузури он то соли 2042 дар Тоҷикистон тамдид шудааст.