Сентябр 30, 2019 18:23 Asia/Dushanbe
  • Гармоиши замин гиребонгири Осиёи Миёна ва Тоҷикистон

Донишмандм тоҷик мӯътақид аст, ки гармоиши замин, коҳиши борандагӣ ва тӯфонҳои шадид сабаби ба хатар афтодани иқтисод ва саломати шаҳрвандони Осиёи Миёна ва ба хусус Тоҷикистон аст.

Ба гузориши ИРНА, Сабур Абдуллоев гуфт, пас аз соли 1990 низ шоҳиди тағйироте дар рафтори табиат будем, гарду ғубори ворид шуда бар ин кишвар то муддатҳо боқӣ мемонд, гоҳе як ҳафта шоҳиди вуҷуд гарду ғубори сангин дар гӯша-гӯшаи ин кишвар ҳастем. Соли 2001 гарду ғубор ба муддати 29 рӯз дар осмони Тоҷикистон боқӣ монд.

Абдуллоев мегӯяд, гард ва ғуборе, ки дар фасли тобистон ва бавижа тирамоҳ аз биёбонҳои Африқо ва кишварҳои арабӣ ва Муғулистон ба Тоҷикистон меояд, бар иқтисод ва саломати инсонҳо таъсири манфӣ мегузорд. Вай афзуд, мо дақиқан муҳосиба накардем, ки то чӣ ҳадд метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон зиён ворид кунад, аммо бо чашм метавон дид, ки нахуст бар саломати инсон, сипас ба кишоварзӣ ва обҳои ошомиданӣ таъсир мегузорад.Тоҷикистон низ ҳамонанди дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масири вуруд ва хурӯҷи гарду ғубор воқеъ шудааст. Ба гуфтаи Абдуллоев, тӯфонҳои гарду ғубор асосан аз Узбакистон - аз самти Турсунзода ва бахши дигари ин ғубор аз тарафи Афғонистон ворид мешавад, ки мардум онро боди афғонӣ меноманд, ҳарчанд дар Афғонистон аз он бо унвони боди Шӯравӣ ёд мекунанд. Гарду ғубори боқимонда бар афроде, ки бемориҳои танаффусӣ, фишор ва бемориҳои қалбӣ доранд таъсири манфӣ мегузорад.

Абдуллоев дар идомаи суҳбатҳояш эълом кард, ки роҳи муносибе вуҷуд надорад, ки битавон ҳавои Тоҷикистонро ба суръат аз вуҷуди ин гарду хок пок кард, ба ҳамин далел беҳтар аст дар ҷануб ва маркази Тоҷикистон кошти дарахт афзоиш ёбад.