Ноябр 03, 2019 10:12 Asia/Dushanbe
  • Хуҷанд яке аз амнтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва Қафғоз

Коршиносони Ожонси байналмиллалии мушорикати роҳбурдӣ International Strategy Partners Group, шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро ба унвони яке аз амнтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва Қафғоз барои гардишгарони хориҷӣ муаррифӣ карданд.

Ба нақл аз сомонаи International Strategy Partners Group, ин матлаб пас аз баррасии вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии 40 шаҳри Осиёи Марказӣ ва Қафғоз унвон шудааст.

Ин коршиносон эълом кардаанд шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғди Тоҷикистон аз нигоҳи поин будани мизони ҷурму ҷиноят пас аз шаҳри Ишқобод пойтахти Туркманистон дар мақоми дуввум қарор гирифтааст.

Бар ин асос мизони ҷурму ҷиноят дар шаҳри Хуҷанд 5 садуми дарсад эълом шуда, ки яке аз поинтарин шохисҳо ба ҳисоб меояд.

Барои муқоисаи ин шохис дар шаҳри Минск пойтахти Беларус 85 садуми дарсад ва Париж пойтахти Фаронса 19 садуми дарсад аст.

Ин дар ҳолест, ки таи солҳои ахир мизони ҷурму ҷиноятҳои санигн дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст ва ифшои ҷиноятҳо дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар низ афзоиш нишон медиҳад.

Аз сӯи дигар бо иҷроӣ шудани қонуни нави Авфи умумӣ дар Тоҷикистон 7 ҳазор зиндонӣ озод ва ҳудуди 20 ҳазор аз ашхоси боздоштшуда ва онҳое, ки таҳти бозҷӯӣ ва муҳокима дар додгоҳҳо қарор доранд, озод ва бақия низ тахфифи муҷозот мегиранд, ки ин раванд дар Тоҷикистон оғоз шудааст.