Қаҳва хатари саратони кабадро ба нисф мерасонад
Бар асоси мутолиоти нав нӯшидани қаҳва хатари ибтило ба роиҷтарин навъи саратони кабад дар байни бузургсолонро коҳиш медиҳад.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, мутолиае нав нишон медиҳад нӯшидани қаҳва хатари саратони карсином гепатуслоларро, ки роиҷтарин навъи саратони кабад дар байни бузургсолон аст коҳиш медиҳад, аммо ба андозаи тарки сигор ва масрафи алкул дар костан аз хатари ибтило ба ин беморӣ муассир нест.
Ба навиштаи маҷалаи Медкал ЭксПресс натиҷаҳои мутолиаи муҳаққиқон нишон медиҳад қаҳва, ки яке аз пурмасрафтарин нӯшиданиҳо дар ҷаҳон аст метавонад хосияти коҳиши хатари саратони кабадро дошта бошад.
Ин таҳқиқ ба муддати беш аз ҳафту ним сол дар Англия ва рӯйи одатҳои масрафи қаҳва 471 ҳазору 779 шахси миёнсол анҷом шуд.
Натиҷаи ин таҳқиқ нишон дод касоне, ки қаҳва менӯшанд 50 дарсад карматр нисбат ба касоне, ки қаҳва наменӯшанд бо хатари ибтило ба чунин саратоне ру ба ру ҳастанд.
Ин мутолиа натиҷагирӣ мекунад, ки нӯшидани қаҳва барои саломатӣ муфид аст, зеро дорои антиоксидан ва кафеин аст.