Таъкиди ховаршиноси рус бар баҳрамандии Тоҷикистон аз ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон
Ховаршинос ва Эроншиноси машҳури Русия барқарории ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро барои Душанбе муҳим арзёбӣ кард.
Ба нақл аз Спутник, Карина Гиваргиён бо ишора ба оғози ҳамли колоҳои мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Эрон бо истифода аз қаламрави Афғонистон гуфтааст, ки ин иқдом озмоишӣ аст.
Вай таъкид кардааст, ки ба далели баста шудани масири ҳаракати мошинҳои боркаши тоҷикистонӣ аз қаламрави Туркманистон ахиран тасмим гирифта шуд, ки маҳсулоти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Эрон ва аз тариқи Афғонистон мунтақил шавад ва ҳаминак нахустин маҳмулаи колоҳои содиротии эронӣ ба Тоҷикистон ба вилояти Нимрӯзи Афғонистон расидааст.
Ин ховаршинос мегуяд, ки Эрон аз нигоҳи технологии нано дар рутбаи шашуми ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи Эрон дар ин замина истифода кунад ва Эрон ҳам метавонад аз Тоҷикистон алминиюм ва риштаи пахтагӣ ворид кунад.
Аз сӯи дигар Теҳрон ба Душанбе пешниҳод кардааст, ки аз зарфияти бандари Чобаҳор дар ҷануби Эрон барои интиқоли колоҳои худ истифода кунад.
Туркманистон аз моҳи августи соли 2018 бо таъхир мошинҳои боркаши Тоҷикистонро дар марзҳои худ пазириш мекард ва имсол ин масир бар руи ронандагони тоҷик баста шуд.
Бар ин асос ронандагони тоҷик маҷбур мешаванд гузар аз масири Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, баҳри Хазар, Қазоқистон ва Узбакистонро интихоб кунанд, ки муҷиби тулонитар шудани роҳ ва афзоиши ҳазинаҳои транзит мешавад.