Афзоиши содироту воридоти сангҳои қиматӣ ва нимақиматӣ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 28 Nov 2019 10:10:21 GMT )
Ноябр 28, 2019 15:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироту воридоти сангҳои қиматӣ ва нимақиматӣ дар Тоҷикистон

Ожонси омори Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи содирот ва воридоти сангҳои қиматӣ (гаронбаҳо), нимақиматӣ (нимгаронбаҳо) ва филизоти гаронбаҳо аз ағози имсол хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, содироту воридоти сангҳои қиматӣ, нимақиматӣ ва филизоти гаронбаҳо дар Тоҷикистон ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст. Бинобар гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, содироти ин навъ маҳсулот дар январ – октябри соли ҷории милодӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта бо 156.9 баробар афзоиш 225.1 миллион долларро ташкил додааст.

Содироти сангҳои қиматӣ, нимақиматӣ ва филизоти гаронбаҳо дар феҳрасти маҳсулоти содиротии Тоҷикистон баъд аз маҳсулоти маъданӣ ба арзиши 354.3 миллион доллар дар мавқеияти дувум қарор доранд. Ҳаҷми куллии воридоти ин навъ маҳсулот дар ин муддат беш аз 3.5 миллион доллар буда ва ҳамчунин дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузаштаи милодӣ 2.1 дарсад афзоиш доштааст.

Бинобар гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, ин кишвар дар соли 2018 каме бештар аз 2 миллион доллар аз ин маҳсулотро ба хориҷ содир кардааст. Ин шохис 99 дарсад камтар аз замони мушобеҳи соли 2017, ки мизони он беш аз 213.8 миллион доллар эълом шуда буд, аст.