Тоҷикистон: Мақоми 149 дар радабандии истифодаи инфиродӣ аз интернет
(last modified Tue, 27 Sep 2016 05:01:48 GMT )
Сентябр 27, 2016 10:01 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон: Мақоми 149 дар радабандии истифодаи инфиродӣ аз интернет

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ мизони истифодаи инфиродӣ аз интернет дар мақоми 149 дар миёни 191 кишвар қарор гирифт.

Ба гузориши сойти иттилорасонии Созмони Милали Муттаҳид, дар гузориши Комиссияи иртибототи ин созмон таъкид шуд, 18.9 дарсад аз ҷамъияти болиғ бар 8 миллиону 400 ҳазор нафари Тоҷикистон аз шабакаи интернет ба таври инфиродӣ истифода мекунанд, ки аз ин нигоҳ, ин ҷумҳурӣ дар радаи 149 дар миёни 191 кишвари ҷаҳон қарор гирифтааст.

Дар ин радабандӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Туркманистон бо 15 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар аз интернети инфиродӣ истифода мекунад ва поинтар аз Тоҷикистон дар мақоми 160 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Дар ин гузориш омадааст, ҷумҳурии Озарбойҷон дар мақоми 36, Русия 43, Қазоқистон 45, Узбакистон 106 ва Қирғизистон дар ҷойгоҳи 120 қарор доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки 2 миллиону 800 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ аз интернети телефони ҳамроҳ истифода мекунанд, ба иборате аз ҳар 100 нафар аз сокинони Тоҷикистон, аз телефони ҳамроҳ, 34 нафар ба шабака интернет муттасил мебошад.