Пизишкиён: Мо омодаем боз ба Исроил хучум кунем; Эрон таҳдидро қабул надорад
-
Масъуди Пизишкиён,раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порстудей - Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, Теҳрон барои ҳар гуна иқдоми низомии режими саҳюнистӣ омода аст.
Масъуди Пизишкиён,раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира, ки шоми сешанбе пахш шуд, гуфт, нирӯҳои ин кишвар омодаанд, бори дигар умқи сарзаминҳои ишғолшударо ҳадаф қарор диҳанд.
Ба гузориши хабаргузории Порстудей, Пизишкиён афзуд: "Мо ба ҳама гуна амалиёти низомии Исроил омодаем. Ин режим ба мо зарба зад ва мо ба он ба таври амиқ бо нерӯ зарба задем, аммо онҳо талафоти худро пинҳон мекунанд."
Вай таъкид кард: "Исроил бо эҷоди бесарусомонӣ ва тахриби ҳукумат талош кард, Эронро тағир диҳад, тақсим кунад ва аз байн барад, аммо муваффақ нашуд." Ҷои шак нест, ки дар Эрон зарбаҳое ворид омадааст, аммо омили муайянкунандаи ин зарбаҳо фанноварии Амрико ва истифода аз имконоти он буд.
Мо ба оташбаси қатъӣ такя намекунем
Раиси ҷумҳури Эрон афзуд: Мо ҷангро намехоҳем, аммо ба итминони оташбас низ такя надорем ва аз худ бо зӯр дифоъ хоҳем кард. Исроил ҳар гуна сӯҳбат дар бораи муваффақияти ҳамлаҳои мушакии моро пешгирӣ мекунад, аммо дархости ин режим барои қатъи ҷанг бисёр чизҳоро нишон медиҳад.
Вай дар идома гуфт: Эрон таслим нашудааст ва нахоҳад шуд ва ин барои ҳама равшан аст, аммо мо ба дипломатия ва муколама бовар дорем. Кишварҳои минтақа ҳеҷ гоҳ мисли замони ҷанги ахир нисбат ба Эрон чунин мавзеъгирии пуштибонона надоштаанд.
Идомаи ғанисозии уран дар хоки Эрон
Пизишкиён бо таъкид бар мухолифати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба доштани силоҳи ҳастаӣ, изҳор дошт: Ин мавқеъи сиёсӣ, мазҳабӣ, башардӯстона ва стратегии мост. Дар оянда ғанисозии уран дар хоки Эрон дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ идома хоҳад кард.
Вай таъкид кард: Ҳар музокира дар оянда бояд бар пояи мантиқи бурд бо бурд сурат бигирад ва Эрон таҳдиду фармонҳоро қабул нахоҳад кард. Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, Эрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад ва мо инро на ба далели суханони Трамп, балки ба далели фатвои Раҳбари Инқилоби Исломӣ қабул мекунем. Гуфта мешавад, ки барномаи ҳастаии Эрон ба поён расидааст, ин як фиреб аст. Иқтидори ҳастаии Эрон на дар иншоот, балки дар зеҳни олимони мост.
Қатар бародархондаи Эрон аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба ҳамлаи Теҳрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Ал-Удейди Қатар афзуд: "Мо ба Қатар ҳамла накардем ва ин корро карда ҳам наметавонем. Ин кишвар бародархондаи мост ва мардумаш бародарони мо ҳастанд. Мо ба Қатар ҳамла накардем балки ба як пойгоҳи амрикоӣ, ки Эронро бомбаборон карда буд ҳамла кардем . Ман эҳсосоту мавзеи қатариҳоро дар мавриди ончи иттифоқ афтода дарак мекунам ва ба ҳамин далел аст, ки бо бародарам , амири Қатар , телефонӣ суҳбат кардам . Нияти мо нисбат ба кишвари Қатари хуб , мусбат ва бародаронааст ва мо омодаем то дар ҳар заминае ба онҳо кумак кунем .
Пизишкиён дар бораи сӯъиқасд ба ҷонаш низ гуфт : Он ҳодиса бахше аз талошҳои Исроил барои террори мақомҳои сиёсии Эрон пас аз мақомҳои низомӣ аст.