Рафъи мушкили интиқоли пули коргарони муҳоҷири тоҷик дар оянда
Муовини Комиссиони технологиҳои нави вобста ба утоқи саноат ва бозаргонии Русия муътақид аст, ки раванди оддӣ шудани вазъияти интиқоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба тоҷикистон ниёз ба замон дорад.
Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Темур Аитов бо ишора ба мушкилоти эҷодшуда дар масири интиқол ва дарёфти даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба далели иҷроии муқаррароти нав аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки рафъи мушкилоти эҷодшуда ба замони бештаре ниёз дорад.
Вай иллати нобасомонӣ дар ин масирро мушкилоти иттисоли системи пулии бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Русия бо Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар оянда ин монеаҳо низ бартараф хоҳад шуд.
Темур Аитов таъкид кард пеш аз ин дар бархе аз кишварҳо аз ҷумла Арманистон қонуни интиқол ва дарёфти даромади молии коргарон эъмол шуда буд.
Вай мегуяд, ки ин иқдом муҷиби шаффофсозии интиқоли пул ва даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия ва тақвияти арзиши сомонӣ хоҳад шуд.
Муовини Комиссиони технологиҳои нав вобаста ба утоқи саноат ва бозаргонии Русия мегуяд, ки дар ояндаи наздиик системи молии чандин бонк ва муассисаи молӣ ва эътибории Русия бо Бонки миллии Тоҷикистон муттасил мешавад, ки ин амр муҷиби одӣ шудани раванди интиқоли пул хоҳад шуд.