Январ 01, 2020 10:51 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати соли нави мелодӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрикӣ ба муносибати соли нави мелодӣ ибрози умедворӣ кард, ки интихоботи парлумонии соли 2020 дар доираи муқаррароти Қунуни асосӣ ва мушорикати фаъоли шаҳрвандони кишвар баргузор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём, ки шаби гузашта аз тариқи расонаҳои давалатии Тоҷикистон пахш шуд, аз интихобот ба унвони яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли нави ин кишвар ном бурд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айн ҳол гуфт, соли 2019 дар таърихи мардуми тоҷик ба унвони соли дастовардҳои арзишманд сабт мешавад.

Ӯ дар иртибот бо дастовардҳои соли гузаштаи Тоҷикистон, ба роҳандозии чархаи дуввуми нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва таҷлил аз 25-умин солгарди тасвиби Қонуни асосӣ ва 10-умин солгарди Қонуни забони Тоҷикистон ишора кард.