Январ 06, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯзноманигори саршиноси тоҷик: Миллати Эрон мағлуби Амрико нахоҳад шуд

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори саршиноси тоҷик бо тамҷид аз шахсияти сардор Қосим Сулаймонӣ ва маҳакуияти иқдоми Амрико навишт: “Миллати Эрон мағлуби Амрико нахоҳад шуд”.

Ба гузориши Садои Хуросон, ин фаъоли расонаӣ ва мадании Тоҷикистон дар “Фейсбук” бо бознашри видеои истиқболи пуршӯри мардуми шаҳри Машҳади муқаддас аз пайкари сардор Сулаймонӣ тасреҳ кард, ин миллат мағлуб нахоҳад шуд.

Нақибзод дар айни ҳол дар матлаби дигаре ҳамроҳ бо гузоштани акси сардори шаҳид дар канори парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон навишт: “Қосим Сулаймонӣ рамзи қудрати Эрон буд. Агар ӯ муҳраи муҳим ва шахсияти хосс намебуд, Амрикое, ки қудрати ҷаҳонӣ аст, даст ба куштанаш намезад”.

Азиз Ниқибзод дар идома бо ҳамсон донистани барномаи Амрико барои маҳори Аҳмадшоҳ Масъуд ва Қосим Сулаймонӣ тасреҳ кард, ёдатон бошад Амрико пеш аз онки вориди Афғонистон шавад, Масъуди қаҳрамонро номардона бо фиреб ва шайтанат нобуд кард ва Сулаймони, Масъуди Эрон буд.

Аммо вай таъкид мекунад вазъ дар Эрон нисбат ба Афғонистон хеле фарқ мекунад. Афғонистон як Масъуд дошт, Эрон даҳҳо Сулаймонӣ дорад. Бовар дорам эрониҳо ба ин амали Амрико ҷавоби сазовор хоҳанд дод.

Рӯзноманигор ва фаъоли мадании Тоҷикистон дар идома пурсишеро матраҳ кардааст, ки аммо ин масъала барои мани тоҷик, ки кишвари худам садҳо мушкил дорад, чаро муҳим аст? Ва дар посух навиштааст: “Ба унвони як мусалмон ва форсизабон, қудратманд будани Эрон ҳамзабон ва ҳамдин ва ҳамфарҳанг бароям аҳаммият дорад. Ҳатман бархе ба баҳонаи мазҳаб ба ин навишта эрод хоҳанд гирифт, аммо ман пешопеш ҷавоби онҳоро бо ин савол медиҳам, магар Амрико ва Исроил суннимазҳабанд?”

Азиз Нақибзод матлаби самимонаашро ин гуна ба поён расондааст: Худованд сипаҳбуд Сулаймониро биёмурзад.