Январ 13, 2020 09:42 Asia/Dushanbe
  • Нисф шудани нархи лимон ва зиёни кишоварзони тоҷик

Дар паи коҳиши ду баробарии нархи лимон, кишоварзони Тоҷикистон мутаҳаммили хисоратҳои молии фаровон мешаванд.

Ба нақл аз Ахбори Осиёи Марказӣ, дар соли 2019 ҳар кило лимон дар бозорҳои Тоҷикистон ба нархи 10 то 12 сомонӣ ба фуруш мерасид, аммо акнун ин шохис ба 5 сомонӣ расидааст.

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе харидорони лимон ҳар килои ин маҳсулро аз кишоварзон 4 сомонӣ харидорӣ ва ба нархи 5 сомонӣ ба муштариён мефурушанд.

Коршиносон иллати коҳиши нахри лимонро фаровонии ин маҳсул ва коҳиши содироти он ба хориҷ унвон мекунанд.

Мақсади асосии содироти лимони Тоҷикистон Русия, Қазоқистон ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс аст, ки дар соли равон мизони содирот ба ин кишварҳо коҳиш ёфтааст.

Амир Бектемур мудири Идораи кишоварзии вилояти Хатлон муътақид аст бояд ба дунболи бозорҳои нави содироти лимони ин минтақа буд; чаро ки дар соли 2019 танҳо аз ноҳияи Ҷайҳун ба Русия ва Қазоқистон беш аз 500 тона лимон содир шудааст.

Ба гуфтаи вай афзоиши масоҳати гармхонаҳо дар вилояти Хатлон дар соли 2019 ва бардошти маҳсули фаровон бидуни бозорёбӣ дар соли равон, муҷиби коҳиши ду баробарии нархи лимон шудааст.

Вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон минтақаи аслии парвариши мураккабот ва ба вижа лимон аст, ки аз 90 сол пеш кишти ин маҳсул оғоз шудааст.