Январ 20, 2020 17:25 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар режаи низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба пойтахти Русия сафар мекунад.

Ба гузориши Форс, Ориф Низомиён, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, дар режаи низомии рӯзи 9 май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав ҳамчунин як гурӯҳ аз сарбозон ва афсарони нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Вай афзуд, гурӯҳи мазкур муташаккил аз нирӯҳои заминӣ, вокуниши сареъ, ҳавоӣ ва падофанди ҳавоии нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.