Январ 22, 2020 11:17 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди назорат бар атбои чинӣ, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии гардишгарии ин кишвар, хостори маҳдуд сохтани сафари тоҷикҳо ба Чин ва атбои чинӣ ба Тоҷикистон шудааст.

Ба нақл сомонаи Азия Плюс, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон таи нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки ба далели густариши вируси асроромези корона дар Чин, ки бо фавти афрод низ ҳамроҳ мебошад, Душанбе тасмим ба маҳдуд кардани сафарҳои дуҷониба бо ин кишвар гирифтааст.

Аз ин рӯ, назорат дар мабодии вурудии атбои чинӣ ба Тоҷикистон ташдид хоҳад шуд ва аз тоҷикҳо низ дархост мешавад, ки сафарҳои тиҷорӣ ва гардишгарии худ ба Чинро маҳдуд кунанд.

Дар чорчӯби барномаи ҷилавгирӣ аз интиқоли вируси асроромези корона аз Чин ба Тоҷикистон, тамомии воридшудагон аз Чин мавриди оздмоиши пизишкӣ қарор хоҳанд гирифт.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ҳифозат аз атбои ин кишвар дар баробари эҳтимоли олуда шудан ба вируси коронаро, аз вазифаҳои ин вазоратхона унвон ва аз тоҷикҳо дархост кардааст, ки то ҳадди имкон аз сафар ба Чин худдорӣ кунанд.