Феврал 03, 2020 10:42 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи  Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Далер Шарифов

Додситонии кулли Тоҷикистон дар баёнияе иллати боздошти Далер Шарифов рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро нашри мақолаҳои дорои мазмуни эсктремистӣ эълом кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки Далер Шарифов 32 сола дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 113 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.

Ин баёния таъкид мекунад, моҳи июни соли 2019 Далер Шарифов рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи  пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» , ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардидааст.

Бар асоси ин баёния, баррасии коршиносии ин рисола нишон медиҳад , ки дар он ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.

Далер Шарифов  бо қарори Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳоми  барангехтани кинаву адовати динӣ боздошт ва ҳукми ҳабси муваққати вай ба муддати 2 моҳ содир шудааст.

Далер Шарифов  солҳои қабл корманди расмии шабакаи телевизиони давлатии Сафина ва дар солҳои ахир ба тиҷорат машғул буд.

Вай қаблан бо навиштани мақолаҳои интиқодӣ дар бораи сиёсатҳои давлати Тоҷикистон дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ машҳур шуда буд.

Барчасп