Таъсиси ситоди вижаи "Ихвонулмуслимин" дар додситонии кулли Тоҷикистон
(last modified Wed, 05 Feb 2020 09:56:36 GMT )
Феврал 05, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ситоди вижаи

Додситонии кулли Тоҷикистон ситоди вижаеро бо ҳадафи пайгирии парвандаи муттаҳамон ба узвият дар гурӯҳи "Ихвонулмуслимин" таъсис кардааст.

Искандар Солеҳзода, раиси пулиис вилояти Хатлон имрӯз дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Бохтар ҳамчунин аз боздошти 29 нафар дар ин вилоят ба иттиҳоми пайравӣ аз аҳдофи "Ихвонулмуслимин" хабар дод, ки шуморе аз онон ҳуқуқдон ҳастанд.

Пештар Юсуф Раҳмон, додситони куллли Тоҷикистон аз боздошти 113 нафар аз сокинони манотиқи мухталифи ин кишвар дар чорчӯби парвандаи пурсарусадои "Ихвонулмуслимин" хабар додааст.

Шуморе устоди донишгоҳ, як мақоми ҳукуматӣ дар ноҳияи Исфара ва ду табааи хориҷӣ аз ҷумлаи ин 113 нафар будаанд.