Қарзи нерӯгоҳи Роғун ба як миллиард сомонӣ расид
Мудири ширкати сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун эълом кард, ки мизони қарзи ин нерӯгоҳ ба як миллиард сомонӣ расидааст.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, Хайруллоҳ Сафарзода дар нишасти ахири Маҷлиси Миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба қарзи як миллиардии ин нерӯгоҳ, зарурати фуруши бархе амвол ва саҳоми он зарурӣ аст.
Мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” афзуд, 500 миллион доллар сармоя, ки дар соли 2017 аз ҳисоби фуруши саҳоми ин нерӯгоҳ дар хориҷ ба даст омада буд, ба таври комил ҳазина шуда ва бояд ба манзури ҷазби сармоя ва идомаи сохти ин нерӯгоҳ бахше аз амвол ва саҳоми нав ба харидорони хориҷӣ ва дохилӣ вогузор шавад.
Чархи нахусти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли 2018 ва чархи дуввуми он моҳи сентябри соли 2019 ба баҳраварӣ расид.
Нреӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.
Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.