Феврал 12, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии фосидтарин идороти давлатии Тоҷикистон дар соли 2019

Раиси Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон фосидтарин идороти ҳукуматии ин кишвар дар соли 2019-ро муаррифӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, генерал Сулаймон Давлатзода дар нишасти хабарии масъулони ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт:

Дар соли 2019 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум бо 135 маврид ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо 122 мавриди фасоди молӣ ва ришвахорӣ, фосидтарин идороти давлатӣ буданд.

Вай гуфт: Соли 2019 дар Кумитаи давлатии замин 87 маврид, Вазорати кор ва муҳоҷират 64 маврид, Вазорати кишоварзӣ 32 маврид, Вазорати ҳамлу нақл 17 маврид, Вазорати энергетика ва захоири об 11 маврид, Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозӣ 8 маврид ва Вазорати молияи Тоҷикистон 7 мавриди фасоди молӣ ва ришвахорӣ сабт шудааст.

Ҳамчунин дар соли 2019 дар низоми бонкӣ 273 маврид, марказҳои ғайридавлатӣ 359 маврид, бахши хусусӣ 403 маврид ва соири ниҳодҳо ҳам 399 маврид фасоди молӣ ва ришвахорӣ сабт шуд.