Истихроҷи газ дар Тоҷикистон, Аз рӯъё то воқеият
(last modified Sat, 01 Oct 2016 05:44:54 GMT )
Октябр 01, 2016 10:44 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи газ дар Тоҷикистон, Аз рӯъё то воқеият

Фаъолияти ширкатҳои нафти хориҷӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки амалӣ шудани муҳосиботи мақомоти ин кишвар дар заминаи истихроҷи газ бисёр душвор аст.

Ба гузориши сайти "ЕврАзия", мақомоти энержии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки захоири нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон дар вусъати беш аз 34 ҳазор километри мураббаъ ва ба таври умда дар шимол, ҷанубу ғарби ин кишвар шиносоӣ шудааст. Бар асоси ин гузориш, беш аз 113 миллион тонна нафт, 863 миллиард метри муккааб газ ва 36 миллион тонна гази моеъ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки талоши ширкати "Газпром"-и Русия дар майдони гази Шаҳринав ба захоири қобили бардошти газ нарасид ва ин ширкат муҷаввизи фаъолияти худро дар Тоҷикистон лағв кард. Ин ширкати русӣ то умқи 6500 метри ҳаффорӣ анҷом дода буд.

Ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки газ дар Тоҷикистон ба масрафи ҳангуфте ниёз дорад. Коршиносони тоҷик пешбинӣ карда буданд, ки захоири газ дар ин минтақа танҳо аз умқи 9 ҳазор метр қобили бардошт аст.

Дар даврони шӯравӣ низ коршиносон таъкид мекарданд, ки истихроҷи газ дар беш аз 93 дарсади қаламрави Тоҷикистон ба иллати кӯҳистонӣ будани ин кишвар хароҷоти истеҳсоли худро намепӯшонад. Ҳамчунин талоши се ширкати нафтӣ, канадаӣ, фаронсавию чинӣ дар майдони гази Бохтар дар ҷануби Тоҷикистон аз сол 2008 барои истихроҷи газ ба ҷое нарсида, акнун ихтилофоти молии ин ширкатҳо ба Додгоҳи байналмилалӣ кашида шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон пеш аз ин эълом карда буданд, ки истихроҷи газ дар ин кишвар илова бар таъмини ниёзи дохилӣ заминаи содироти ин навъи сӯхт ба Чинро низ фароҳам хоҳад кард.