Тартиби раддабандии меҳмонхонаву осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон
Давлати Тоҷикистон ба Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дод тартиби раддабандии меҳмонхонаву осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои Тоҷикистонро таҳия кунад.
Ба нақл аз Азия-Плюс, бар асоси қарори қабулшуда, тартиби раддабандӣ бояд дар асоси таҷрибаи байналмиллалӣ таҳия ва то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардад.
Ҳадафи аслии раддабандӣ пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва эътимоднок ба истифодабарандагон дар бораи мутобиқати меҳмонхонаҳо ба дараҷаҳо мебошад.
Ҳамчунин меҳмонхонаҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ҷолибият, ки ба афзоиши шумори ҷаҳонгардон ва рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ аз ҳисоби таҳкими эътимоди муштариён ба баҳодиҳии мутобиқати меҳмонхонаҳо равона шудааст, раддабандӣ мешаванд.
Меҳмонхонаҳо маъмулан аз рӯйи меъёрҳои макони ҷойгиршавӣ, вақти иқомат, шумори ҳуҷраҳо, навъ ва дараҷаи хизматрасонӣ, сатҳи истироҳату фароғат, чандситорагӣ ва ғайра раддабандӣ мешаванд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ эълом кард, садҳо меҳмонхонаву осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва фақат дар шаҳри Душанбе 34 меҳмонхона дар раддабандиҳо ва зарфиятҳои мухталиф вуҷуд дорад.