Пешбинии дамои беш аз 24 дараҷа гарм дар манотиқи Тоҷикистон
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дамои беш аз 24-дараҷаиро барои бештари манотиқи ин кишвар пешбинӣ кард.
Ба гузориши “Спутник”, Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон гузориш дод, имрӯз Душанбе 20 дараҷа гарм аст ва пешбинӣ мешавад, ки дамои ҳаво аз +22 ° c то + 24 ° c бо пӯшиш абри мутағайир ва бидуни бориши борон афзоиш ёбад. Алорағми гарм шудани қобили таваҷҷуҳ дар рӯз дар шаб дамои ҳаво ба +4 то +6 дараҷа коҳиш меёбад.
Дар минтақаи Суғд низ пешбинӣ мешавад, обу ҳаво дар рӯз ҳудуди + 13 то +18 ва дар шаб аз -4 дараҷа то + 1 дараҷа тағйир ёбад.
Дар Бадахшон ҳам пӯшиши абр мутағайир ва борандагӣ пешбинӣ мешаваду дамои ҳаво дар шаб аз -3 то -8 дараҷа ва дар рӯз то + 14 дараҷа мутағйир хоҳад буд.
Дар навоҳии тобеи марказ дамои ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад ва дар шаб ба 0 дараҷа коҳиш хоҳад ёфт. Дар минтақаи Хатлон низ обу ҳавои гарм ва бидуни бориш пешбинӣ мешаваду ҳарорат дар рӯз аз +19 то +24 дараҷа ва дар шаб аз 7 то 14 дараҷа хоҳад буд.