Боздошти ду тан аз сокинони Исфара ба иттиҳоми дуздӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51453-Боздошти_ду_тан_аз_сокинони_Исфара_ба_иттиҳоми_дуздӣ
Пулиси Исфара ду тан аз сокинони ин шаҳрро ба иттиҳоми дуздӣ боздошт кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 03, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду тан аз сокинони Исфара ба иттиҳоми дуздӣ

Пулиси Исфара ду тан аз сокинони ин шаҳрро ба иттиҳоми дуздӣ боздошт кард.

Ба гузориши “Авесто”, ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сокинони 18-сола ва 26-солаи Исфара дар ин дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.

Мазнунон  баъд аз зуҳр дар наздикии бозори марказии шаҳри Исфара як худрави ВАЗ-2106-и мутааллиқ ба як сокини маҳаллии 26-соларо дуздидаанд.

Таҳқиқот дар бораи ин сирқат идома дорад.