Боздошти ду тан аз сокинони Исфара ба иттиҳоми дуздӣ
Март 03, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
Пулиси Исфара ду тан аз сокинони ин шаҳрро ба иттиҳоми дуздӣ боздошт кард.
Ба гузориши “Авесто”, ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сокинони 18-сола ва 26-солаи Исфара дар ин дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.
Мазнунон баъд аз зуҳр дар наздикии бозори марказии шаҳри Исфара як худрави ВАЗ-2106-и мутааллиқ ба як сокини маҳаллии 26-соларо дуздидаанд.
Таҳқиқот дар бораи ин сирқат идома дорад.