Мусобиқаи “Авто-Бону-2020” муваққатан баргузор намешавад
Мусобиқаи “Авто-Бону-2020”, 7 марти 2020 баргузор намешавад.
Ба гузориши Азия Плюс, вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе эълом кард, мусобиқаи “Авто-Бону-2020”дар таърихи 7 март дар Душанбе баргузор шавад, лағв шудааст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, шароити бади обуҳаво иҷоза намедиҳад, ки рақобат дар замони мушаххас баргузор шавад.
Ба гуфтаи маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, системаи нопойдори ҳаво аз 5 то 8 март дар кишвар ҳоким аст, ки сабаби бориши борон ва барф мешавад.
Пеш аз ин эълом шуда буд, ки ин мусобиқа бо талоши Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ба муносибати "Рӯзи модар" ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 7 март дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Риштаҳои ман ва мошин ман, қавонини роҳнамоӣ ва ронандагӣ,маҳорати ронандагӣ, номи қатаоти худрави намоишгоҳи саноати дастӣ, аз ҷумла бахшҳои ин мусобиқа буд.