Мамнуияти вуруди комюнҳои афғонистонӣ ба дохили Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51751-Мамнуияти_вуруди_комюнҳои_афғонистонӣ_ба_дохили_Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона вуруди комюнҳои афғонистониро ба хоки ин кишвар мамнуъ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 13, 2020 22:26 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти вуруди комюнҳои афғонистонӣ ба дохили Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона вуруди комюнҳои афғонистониро ба хоки ин кишвар мамнуъ карданд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, ҳамакнун беш аз 20 комюни афғонистонӣ дар пушти гузаргоҳи марзии панҷи поён дар ноҳияи Ҷайҳуни Тоҷикистон мунтазири вуруд ба хоки ин кишвар ҳастанд, вале ба далели паҳншавии вируси корона дар Афғонистон, мақомоти тоҷик муҷаввизи вурудро барои онон содир намекунанд.

Карим Абдурраҳимзода, як мақоми идораи беҳдошти вилояти Хатлон гуфтааст, бори ин комюнҳо маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ монанди себзаминӣ ва норангӣ аст ва судури муҷаввизи вуруди онҳо ба анҷоми озмоишҳои пизишкӣ ниёз дорад.

Абдурраҳимзода таъкид кардааст, ки ҳатто дар сурати додани муҷаввиз ба ронандагони афғонистонӣ барои вуруд ба Тоҷикистон ин афрод бояд 14 рӯз қарантина шаванд.

Вай афзуд, дар сурати мувофиқати ронандагони афғонистонӣ бо қарантинаи 14 рӯза, ба онон муҷаввизи вуруд ба Тоҷикистон эъто хоҳад шуд.